Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прокурори вежа тавсия дод, ки Флинн зиндонӣ нашавад


Майкл Флинн
Майкл Флинн

Прокурори вежаи парвандаи эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи ИМА Роберт Мюллер ба додгоҳ тавсия дод, ки мушовири пешини Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Майкл Флиннро зиндонӣ накунад. Ба гуфтаи додситон, Флинн дар бораи дахолати Русия ба интихоботи соли 2016 ба тафтишот шаҳодати арзишманд дод. Ин нукта дар изҳороте зикр шудааст, ки тими Мюллер рӯзи 4 декабр ба додгоҳи федеролӣ фиристод.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки Майл Флинн 19 дафъа бозпурсӣ шуд. Ба гуфтаи Reuters, дар ҷараёни бозпурсӣ мушовири пешин дар бораи муҳтаво ва шароити ҳамкории байни тими даври гузариши Доналд Трамп бо мақомдорони Русия маълумот дод.

Ҳукми Майкл Флинн бояд рӯзи 18 декабр эълон шавад. Ӯ дар мақоми мушовири Доналд Трамп ҳамагӣ 24 рӯз кор кард.

Ҷанҷол дар атрофи мулоқоти Флинн бо сафири пешини Русия Сергей Кислов дар Вашингтон, ба истеъфои ӯ сабаб шуд. Як сол пеш Майкл Флинн эътироф кард, ки бо сафири Русия масъалаи таҳримҳои ИМА-ро баҳс карда буд, аммо дар ин бора ба FBI дурӯғ гуфт.

Флинн то ҳол ягона корманди маъмурияти президент аст, ки дар заминаи эҳтимоли созиши ситоди Трамп бо Кремл гуноҳашро эътироф кардааст.

Трамп созиши ситоди интихоботияш бо Маскаро қотеона рад мекунад.

XS
SM
MD
LG