Рӯзи гузашта гурӯҳе аз сокинони Бишкек бо талаби таваҷҷуҳ ба вазъи қирғизтаборону қазоқтаборон дар «марказҳои бозомӯзии сиёсӣ»-и Чин, дар назди қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) намоиши эътирозӣ баргузор карданд.
Тазоҳургарон мегӯянд, ки дар Чин намояндагони миллатҳои дигарро таъқибу боздошт мекунанд. Онҳо аз СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳанд, ки ба ин қазия дахолат кунанд. Аз ҷумла, аз дабири кулли СММ Антониу Гуттериш дархост доранд, ки вазъи намояндагони миллатҳои дигар дар Чинро дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти созмон баррасӣ кунад.
Ҷамъомадагон ҳамчунин аз мақомоти Чин талаб карданд, ки таъқибу боздошти қазоқҳо, қирғизҳо ва уйғурҳоро қатъ кунанд.
Бино ба хабарҳо, масъулони намояндагии СММ дар Қирғизистон гуфтаанд, ки омодаанд, панҷ намояндаи эътирозгаронро ба ҳузур пазиранд.
Чин тайи чанд моҳи аз таъқибу боздошти намояндагони миллатҳои дигар дар минтақаи Шинҷон хабару гузоришҳо пахш мешаванд. Расонаҳо мегӯянд, ки мақомоти Чин боздоштшудаҳоро дар «марказҳои бозомӯзии сиёсӣ» нигаҳ медоранд. Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар он марказҳо то ду миллион одам нигаҳдорӣ мешавад.