Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Маскавро аз паёмади боздошти маллоҳони украинӣ ҳушдор дод


Боздошти маллоҳони украинӣ

Русия бояд маллоҳони украиниро, ки дар ҷараёни ҳодисаи гулугоҳи Керч боздошт шуданд, раҳо кунад. Дар акси ҳол Маскав паёмади ин амалро хоҳад дид. Ин масъалае нест, ки аз мадди назари Вашингтон дур шавад,- гуфт намояндаи Департаменти давлатии ИМА. Ийолоти Муттаҳида қимати ин амалро баланд нигаҳ медорад ва Русия "маҷбур аст ин нархро пардозад", гуфт ин мақомдор.

Дар департаменти давлатӣ ҳамчунин аз Иттиҳоди Аврупо даъват карданд, ки бинобар ҳодисаи Керч ва боздошти маллоҳони украинӣ, аз тарҳи лӯлаи "Маҷрои Шимолӣ" даст кашад. Ҳар қадар зербииноҳои интиқоли газ берун аз Украина бунёд шаванд, ба ҳамон андоза фишори Русия ва таҷовузгариаш камтар мешавад,- мегӯянд дар Департаменти давлатӣ.

Рӯзи гузашта раҳбари Ситоди кулли нерӯҳои Украина Виктор Муженко таҳдиди низомии Русияро аз соли 2014 бузургтарин унвон кард. "Мо дар ростои таҷовузгаре қарор дорем, ки чаҳорчӯби қонунӣ, маънавӣ ва дигар арзишҳоро эътироф намекунад. Пешгӯӣ кардан душвор аст, ки он кай ҷангҳои фаъолонаро алайҳи Украина оғоз мекунад",- гуфт Муженко.

Ташаннуҷи ахир дар байни Маскав ва Киев дар ҳоле сар шуд, ки рӯзи 25 ноябр Русия киштиҳои Украинаро дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ тасарруф ва маллоҳони украиниро боздошт кард. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, киштиҳои Украина марзи ин кишварро нақз карданд ва барои боздошти онҳо дар баҳри Сиёҳ аз силоҳ кор гирифта шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG