Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи омӯзишии роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар зиндонҳо шурӯъ шуд


Мутахассисони Бунёди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Душанбе давоми ҳафтаи ҷорӣ барои аъзои гуруҳи мониторингӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон, ки дар назди Ваколатдори ҳуқуқи инсон амал мекунад, давраи омӯзишӣ баргузор мекунанд. Лоиҳае, ки зери назари Иттиҳодияи Аврупо амал мекунад, ба хотири мубориза бо шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳову зиндониҳо роҳандозӣ шудааст. Дафтари матбуоти намояндагии ИА дар Душанбе рӯзи 3 декабр хабар дод, ки давраи омӯзишӣ аз 3 то 7-уми декабр аз ҷониби коршиносони Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон - Агнешка Клосовска ва Александра Ивановска барпо мешавад.

Як намояндаи Бунёди Ҳелсинкӣ рӯзи 3 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, ки ба фаъолони ҳуқуқ ва намояндагони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон роҳҳои шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои ислоҳӣ аз назари муқобила бо шиканҷаи маҳбусон, роҳҳои сабту таҳияи гузоришҳо дар ин робита ва таҳияи стратегияи тадбирҳои баъдӣ омӯзонида мешавад. Ин давраи омӯзишӣ мувофиқ бо Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар муассисаҳои баста амалӣ мешавад.

Гуруҳи мониторингӣ бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2013 ташкил шудааст ва ба ин ҳайат намояндагони дафтари Омбудсмен, аъзои Эътилофи зидди шиканҷа, созмони «Авеста» ва Анҷумани волидони атфоли маъюб дохил мешаванд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин гуруҳ аз наздики 60 муассисаи пӯшидаву нимапӯшида - тавқифгоҳҳои муваққатӣ, СИЗО, муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои руҳиву наркологӣ ва дигарҳо боздид ба амал овардааст.

XS
SM
MD
LG