Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар эълон кард, ки аз ОПЕК хориҷ мешавад


Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад ал-Сонӣ
Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад ал-Сонӣ

Қатар эълон кард, ки сар аз 1 январ аз ОПЕК- Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт хориҷ мешавад. Дар ин бора вазири нави энержии Қатар Саад ал Каабӣ рӯзи душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, Қатар ОПЕК-ро аз ин тасмим, ки ба хотири боло бурдани нақши кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ гирифта шуд, огоҳ кардааст.

Ҳоло ба Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт 15 давлат шомил мешавад, ки бузургтарини он Арабистони Саудӣ аст. Соли гузашта муносибати Қатар ва Арабистони Саудӣ якбор бад шуд ва Риёз робитаашро бо Доҳа қатъ кард.

Қатар дар ҳоле тасмимашро эълон кард, ки ду рӯз пеш Арабистони Саудӣ ва Русия қарор карданд, ки созишномаи маҳдуд кардани ҳаҷми истеҳсоли нафтро идома диҳанд. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин баъди мулоқот бо валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон хабар дод.

XS
SM
MD
LG