Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши нафти Brent дар бозор аз марзи 58 доллар поён рафт


Субҳи рӯзи панҷшанбе арзиши як бушка нафти навъи Brent бори аввал аз 25 октябри соли 2017 аз марзи 58 доллар поён рафт ва бинобар натиҷаи муомилот то баъд аз зуҳр дар ҳамин сатҳ боқӣ монд.

Рӯзи гузашта президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки қиммати бушкаи нафт дар ҳудуди 60 доллар барои кишвараш қобили қабул аст. Ба гуфтаи ӯ, бахши хароҷоти буҷаи Русия бо назардошти 40 доллар таҳия шудааст.

Коҳиши босуръати нархи ин навъи энержӣ нимаи аввали моҳи октябр мушоҳида шуд. Аввали моҳи гузашта нархи як бушка нафти Brent беш аз 82 доллар буд. Дар камтар аз ду моҳ Brent сеяки арзишашро гум кард. Коҳиши феълӣ босуръаттарин дар се соли ахир ба шумор меояд.

Дар як соли ахир нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ бинобар нигарониҳо аз таҳримҳои ИМА зидди Эрон ва ҳамчунин тааҳуди кишварҳои ОПЕК барои кам кардани истеҳсолот боло рафт. Таъғироти ногаҳонӣ дар бозор ба думболи пахши хабарҳо аз афзоиши истеҳсоли нафти хоми Амрико ба миён омад. Гузашта аз ин маълум шуд, ки афзоиши истеҳсоли нафт дар се кишвар - Арабистони Саудӣ, ИМА ва Русия камбуди эҳтимолии нафти Эронро пурра мепӯшонад.

XS
SM
MD
LG