Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ҳабси кормандони Оҷонсии муҳоҷирати хориҷӣ идома дорад


Кормандони Идораи муҳоҷирати хориҷии Узбекистон
Кормандони Идораи муҳоҷирати хориҷии Узбекистон

Боздошти роҳбарият ва кормандони Оҷонсии муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон дар пайи ришваситонӣ аз муҳоҷирон, фаъолияти ин оҷонсиро фалаҷ кард.

Беш аз 3 ҳазор муҳоҷири Узбекистон, ки қасди муҳоҷирати корӣ ба Кореяи Ҷанубиро доштанд, ҳамакнун аз ин сафар маҳрум шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон, рӯзи 27 ноябр дар Оҷонсии муҳоҷирати хориҷии ин кишвар ҳабси масъулон идома доштааст.

"Имрӯз панҷ нафари дигарро боздошт карданд. То кунун дақиқ нест, ки мақомоти Оҷонсии муҳоҷирати хориҷӣ аз 3 ҳазор шаҳрванд чи қадар маблағ гирифтаанд", - гуфт як манбаъ аз Тошканд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар натиҷаи созиши ҳосилшуда миёни ин кишвар ва Кореяи Ҷанубӣ, Сеул ваъда дода буд, ки 5 ҳазор узбекистониро бо кор таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG