Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА шаҳрвандони Русия в Қазоқистонро ба тақаллуб дар интернет муттаҳам кард


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Мақомоти Амрико шаш шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Қазоқистонро ба тақаллуб дар бахши таблиғоти диҷитолӣ ё рақамӣ муттаҳам кард. Ин гурӯҳ ба даст ёфтан ба маълумоти хусусӣ, шикастани қуфли компютерҳо ва шустушӯи пулҳои ғайриқонунӣ айбдор шудааст. Дар хабари додситонии ҳавзаи шарқии Ню Йорк, ки рӯзи 27 ноябр пахш шуд, хисороти фаъолияти ғайриқонуни ин гурӯҳ даҳҳо миллион доллар ҳисоб шудааст.

Шаҳрвандони Қазоқистон Сергей Овсянников, Евгений Тимченко ва табааи Русия Александр Жуков дар Малазия, Эстония ва Латвия боздошт шуданд. Гумонбарҳои боқимонда, ки шаҳрвандони Русия мебошанд, дар озодӣ қарор доранд.

Бинобар маълумоти тафтишот, гумонбарҳо бо истифодаи дастикам 31 домени интернетӣ ва 89 сервери интернетӣ барои таъсиси шабакаи компютерҳои оулуда (ботнет) ба таблиғоти тақаллубии интернетӣ машғул буданд.

XS
SM
MD
LG