Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Сорос фаъолияташро дар Туркия қатъ кард


Ҷорҷ Сорос
Ҷорҷ Сорос

Бунёди миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос - Open Society Foundation - дар пасманзари танқидҳои шадиди президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон фаъолияташро дар ин кишвар қатъ кард. Изҳороти ин бунёди хайрия рӯзи 26-уми ноябр нашр шуд. Дар ин бора Deutsche Welle хабар дод.

Раҳбари Туркия филантропи амрикоиро ба "талоши эҷоди мухолифат дар байни давлатҳо" муттаҳам кард. Ба гуфтаи Эрдуғон, Сорос нафаронеро сармоягузорӣ мекард, ки гӯё дар табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 дар Туркия даст доштанд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Сорос аз сармоядори турк Осман Кавал пуштибонӣ мекард, ки як сол боз бидуни эълони айб дар боздошт қарор дорад.

Матбуоти Туркия борҳо Соросро барномарези эътирозҳои соли 2013 дар майдони Тақсими Истанбул унвон карда буд. Бунёди Сорос иттиҳомро рад мекунад.

Бунёди Сорос аз тарҳҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар саросари ҷаҳон пуштибонӣ мекунад. Ин муассиса борҳо мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифтааст.

Ҳукумати Маҷористон дар ин авохир Бунёди Соросро таҳти фишор қарор дод ва онро "агенти хориҷӣ" эълон кард. Мақомоти Маҷористон Соросро масъули дахолат ба умури кишвар, пуштибонӣ аз мухолифин ва мавҷи муҳоҷирон ба Аврупо номбар мекунанд.

Сорос пуштибонӣ аз паноҳандагонро миссия ё рисолати башарӣ меномад.

XS
SM
MD
LG