Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко фармони эълони ҳолати низомӣ дар Украинаро имзо кард


Петр Порошенко
Петр Порошенко

Бинобар авзо дар атрофи гулугоҳи Керч ва тасарруфи се киштии низомии Украина аз тарафи Русия, президент Порошенко фармони ҷори шудани ҳолати низомӣ дар Украинаро имзо кард. Ҳолати низомӣ барои ду моҳ - то 25 январ эълон мешавад. Дар ин бора саҳифаи расмии президенти Украина рӯзи 26 ноябр хабар дод.

Порошенко дар фармонаш амалкарди Русияро таҷовузи низомӣ унвон кард. Вазорати хориҷӣ дастур гирифт, ки бидуни таъхир баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои доимии САҲА-ро дархост кунад. Дар баробари ин, машваратҳо бо кишварҳои Ғарб раҳандозӣ мешаванд.

Ситоди генералии Украина дастур гирифт, ки барномаи басиҷ кардани нерӯҳои эҳтиётиро ба роҳ монад. Ба низомиён ҳамчунин амр шуд, ки ҳимояи ҳавоиро таҳким диҳанд. Бар поияи ин фармон, Хадамоти амнияти Украина бояд фаъолияти истихборотӣ, зидди тахрибкорӣ ва зидди террористиро мустаҳкам кунад.

Фармони Порошенко дар бораи ҳолати низомӣ бояд дар порлумони Украина тасвиб шавад.

Қонуни Украина дар бораи ҳолати низомӣ маҳдудияти баъзе озодиҳо - аз ҷумла манъи таҷамуъро пешбинӣ мекунад. Ба ғайр аз ин, дар вақти ҳолати низомӣ интихобот баргузор намешавад. Интихоботи президентии Украина ба охири моҳи марти соли оянда барномарезӣ шудааст.

Пештар аз ин, Маскав ва Киев якдигарро ба тавтеа муттаҳам карданд. Порошенко аз Маскав талаб кард, ки киштиҳоро бо маллоҳонаш оҷилан озод кунад. Дертар, Порошенко ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар бораи даъвати ҷаласаи оҷили Украина-НАТО қарор карданд. Ҷаласаи оҷили Шӯрои амнияти СММ ба бегоҳи имрӯз барномарезӣ шудааст.

Тасарруфи се киштии низомии Украина дар гулугоҳи Керч рӯзи гузашта маълум шуд. Ба гуфти ҷониби Украина, якчанд маллоҳи ин кишвар маҷруҳ шудаанд. Намояндаи президенти Украина дар ҷумҳурии мухтори Қрим Борис Бабин гуфт, ки якчанд маллоҳи захмии украинӣ ба Маскав интиқол ёфтанд. Бабин дар бораи аз кадом манбаъ дарёфт кардан ин хабар чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG