Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳон аз мавқеи Трамп дар қазияи Хошуқҷӣ танқид карданд


Ҷамол Хошуқҷӣ
Ҷамол Хошуқҷӣ

Якчанд сенатори ҷумҳурихоҳ аз мавқеи президент Трамп дар робита ба куштори журналисти Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ норозӣ шуданд. Дар ин бора "Садои Амрико" рӯзи 25 ноябр хабар дод.

Ахиран Трамп гуфт, ки Амрико шарики Риёз боқӣ мемонад ва ба арзёбии Идораи истихбороти ИМА шубҳа кард, ки гуфтааст, ин куштор наметавонист бе амри валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон сурат бигирад. Президент он замон гуфт, ки Идораи истихборот ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст.

Сенатори ҷумҳурихоҳ Майкл Ли дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки бо хулосаи Трамп дар робита ба нақши валиҳад дар куштори Хошуқҷӣ розӣ нест. Ли ҳамчунин куштори журналистро сабаби аслии мухолифаташ ба кумак ба Арабистони Саудӣ дар амалиёти низомӣ алайҳи Яман номид.

Ҷумҳурихоҳи дигар, Ҷон Эрнст дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN Риёзро шарики стратегии Вашингтон номид, аммо ҳамзамон, дар сурати исбот шудани ҷинояти шоҳзода, ба зарурати амалҳои баъдӣ таъкид кард.

Узви Конгресс Адам Шифт, муддаии раҳбарӣ ба кумитаи Платаи намояндагон дар умури истихборот, қавл дод, ки қазияи Хошуқҷиро таҳқиқ хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли пайванди манфиатҳои молии Трамп ва сиёсати ӯ дар қиболи Арабистони Саудӣ бояд санҷида шавад.

ИМА қаблан 17 табааи Арабистони Саудиро, ки гуфта мешавад ба гуруҳи нест кардани Ҷамол Хошуқҷӣ шомил буданд, таҳрим кард.

Мақоланависи The Washington Post, Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз мунаққидони хонаводаи шоҳ ба шумор меомад, аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Хадамости махсуси Туркия ва ИМА мегӯянд, ки эҳтимол мақомоти аршади Саудӣ ва шахсан шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дар ин куштор нақш доштанд.

Ҷасади Хошуқҷӣ, ки ба гуфтаи мақомоти Туркия дар консулгарии Саудӣ пора карда шуд, то ҳол ошкор нашудааст. Мақомоти Саудӣ 21 нафарро бо гумони куштори журналист боздошт ва нақши худро дар ин ҳамла рад кардаанд. Қазияи 11 нафар ба додгоҳ рафт ва додситони салтанатӣ барои панҷ нафари онҳо ҳукми эъдом талаб кард.

XS
SM
MD
LG