Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳои Чин аз президент Ҷеенбеков кумак хостанд


Пайвандони қирғизтаборони Чин бо ирсоли як муроҷиатнома аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков барои раҳоии наздиконашон аз марказҳои ба истилоҳ "бозомӯзии сиёсӣ" дархости кумак карданд.

Муаллифони хитоба гуфтаанд, мақомоти Чин қирғизтаборонро бидуни асос боздошт карда, дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" нигаҳ медоранд.

Бино ба омори расмӣ, дар минтақаи худмухтори Қизилсӯи Чин ҳудуди 160 ҳазор қирғиз зиндагӣ мекунад. Пештар қирғизтабороне, ки аз Чин ба Қирғизистон фирор карда буданд, гуфтанд, наметавонанд бо наздикону пайвандони худ тамос бигиранд ва бархе аз хешовандони онҳо боздошт шуда, тақдирашон номаълум аст.

Дар бораи "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" дар минтақаи Шинҷони Чин аз соли 2016 ба ин сӯ хабар дода мешавад. Шаҳрвандони таъқибшудаи Чин ин марказҳоро "зиндон" меноманд.

​Ҳудуди даҳ қирғизтабори Чин 23 ноябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон нишасти хабариеро баргузор карданд.

XS
SM
MD
LG