Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Русия дар Суғд бо евроҳои сохта


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми ворид кардани 18 ҳазор еврои тақаллубӣ дастгир кардаанд. Вазорат рӯзи 23-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Роман Виданов, шаҳрванди 41-солаи Русияро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъди дар бонк иваз кардани 5 ҳазор евро дастгир карданд.

Ба қавли вазорат, пулҳои коғазиро тавре омода кардаанд, ки тақаллубӣ будани онҳоро маълум кардан душвор аст. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки евроҳои тақаллубиро шаҳрванди Русия аз Қирғизистон дарёфт карда ва мехостааст, онҳоро дар Тоҷикистон иваз кунад.

Ба зидди Роман Виданов, ки дар Русия ду бор зиндонӣ шудааст, бо иттиҳоми вориди муомилот кардани асъори тақаллубӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG