Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

119 шаҳрванди Тоҷикистон – дар зиндонҳои Қирғизистон


Яке аз зиндонҳои Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар зиндонҳои ин кишвар 119 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз 20 то 50-сола ҳастанд. Дар Хадамоти давлатии муассисаҳои ислоҳии назди ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳудуди 70 дар сади маҳбусони тоҷикистонӣ “барои фӯрӯш ё нигоҳдории маводи мухаддир” ҳабс шудаанд.

Баъзан зиндагӣ ба андозае сахт аст, ки мехоҳам бо набераҳоям худро ба дарё бипартоям, вале боз ҳам умед дорем ва мунтазирем, ки ӯ кай озод мешавад

​Ду дафъа суҳбати телефонӣ - дар як моҳ

Бахтибегим Алидӯстова, сокини ҳафтодсолаи Тоҷикистон, панҷ сол боз писарашро надидааст. Зафар Алидӯстов соли 2013 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ба 15 сол зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Ҳоло дар яке аз маҳбасҳои Бишкек аст. Аввал ӯро дар зиндони вилояти Ҷалолобод нигаҳ медоштанд.

“Аз замоне ки ӯ ҳабс шуд, панҷ сол гузашт. Бо набераҳоям танҳо ҳастам. Баъзан зиндагӣ ба андозае сахт аст, ки мехоҳам бо набераҳоям худро ба дарё бипартоям, вале боз ҳам умед дорем ва мунтазирем, ки ӯ кай озод мешавад”, - нақл кард Бахтибегим Алидӯстова.

Ин сокини Тоҷикистон бар асари пирӣ ва дасткӯтаҳӣ ба дидорбинии фарзандаш ба зиндони Қирғизистон намеравад. Аммо дар як моҳ ду-се дафъа тариқи телефон суҳбат мекунад ва гоҳе барояш савғо, аз қабили меваҳои хушк ва ҷӯроби гарм мефиристад.

Алидӯстова мегӯяд, имкон надорад, истирдоди писарашро ба Тоҷикистон дархост кунад. "Ин корро шавҳари худораҳматиям метавонист бикунад. Аммо ӯ бемори вазнин буд ва хабари боздошти писарро таҳаммул накард. Ман таҳсилдида нестам ва намедонам, ин гуна корҳоро чӣ тавр мекунанд", - мегӯяд Бахтибегим.

Наздикони зиндониёни тоҷик бештари вақт аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳама гуна гапи иловагӣ метавонад барои фарзандонашон дар зиндон дарди сар эҷод кунад.

Мунтазири афв

Боғшо Имматшоеваи 62-сола, сокини вилояти Суғд, зуд-зуд ба Бишкек сафар мекунад, аммо на бо мақсади сайру саёҳат. Писари ӯ соли панҷум аст, ки дар зиндони Қирғизистон аст. Ҳоло ӯ дар муассисаи ислоҳии рақами 27 дар деҳаи Молодовановкаи вилояти Чуй қарор дорад.

Ба гуфтаи падараш, ӯро соли 2013 дар ҳудуди вилояти Бодканд бо маводи мухаддир дастгир ва 13 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳоло ин маҳбусро танҳо падар хабаргирӣ меояд. Барои ин ки ҳамаи хонаводаро барои дидорбинӣ бо писараш биоварад, хеле маблағ зарар аст. “Аз рӯйи имкон, ҳар 2-3 моҳ ба Бишкек меоям, то писарамро хабар бигирам ва барояш чизҳои зарурӣ ва хӯрокворӣ биоварам. Барои дидорбинӣ маъмулан 2 ё 3 соат фурсат медиҳанд”, - нақл кард Имматшоев рӯзи 24-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, писараш аз шароити зиндон шикоят намекунад. Боғшо Имматшоев афзуд, хонаводаи онҳо борҳо аз мақомот хостаанд, ки фарзандашон ба маҳбаси Тоҷикистон оварда шавад, аммо посухи мусбате нагирифтаанд.

“Соли гузашта, вақте фаҳмидем, ки Отамбоев афв эълон кардааст, хеле хурсанд шудем. Баъдан фаҳмидем, ки ин афв танҳо ба шаҳрвандони Қирғизистон дахл доштааст. Ман ба ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон дар номае нигаронии худро изҳор кардам, ки мо равобити дӯстона дорем ва агар дар чунин лаҳзаҳои зарурӣ шаҳрвандони мо хориҷӣ ҳисоб шаванд, моҳияти дӯстӣ чист?”, - гуфт Имматшоев.

“Истирдод имконпазир аст, вале дархост намекунанд”

Масъалаи истирдоди зиндониён аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар созишномаи дуҷонибаи байнидавлатӣ пешбинӣ шудааст. Вале ба эътирофи коршиносон дар амал кишварҳо хеле кам ба чунин иқдомҳо мепардозанд.

Элеанора Сабатарова
Элеанора Сабатарова

Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти давлатии адои ҷазои назди ҳукумати Қирғизистон Элеанора Сабатарова, Қирғизистон имсол танҳо ду шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди яке аз кишварҳои Соҳили Балтикро вопас додааст.

Ӯ гуфт, бо Тоҷикистон ҳам чунин созишнома вуҷуд дорад.

Дар мавриди шароити зиндонҳои Қирғизистон намояндаҳои Хадамоти давлатии адои ҷазо баҳогузории хуб мекунанд. Мегӯянд, дар ду зиндон заводи хишт аст, ки маҳбусон дар он ҷо кор мекунанд. “Дар зиндонҳои боқимонда ин гуна имконот нест, вале чораандешӣ мекунем. Мо ҳамчунин тасмим дорем, ки корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзӣ ташкил кунем ва ҳамчунин имкон медиҳем, ки зиндониён соҳиби маълумоти миёнаи махсуси техникӣ шаванд”, - таъкид мекунад Сабатарова.

Зиндони вилояти Чуй
Зиндони вилояти Чуй

Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 11 маҳбаси баста, 13 маҳбаси умумӣ, 6 боздоштгоҳи тафтишотӣ ва 1 зиндон (тюрма) мавҷуд аст. Бар асоси маълумоти кумитаи милли омори ин кишвар дар соли 2017 шумораи умумии маҳбусон беш аз ҳафт ҳазор нафарро ташкил додааст, ки тақрибан 900 нафари онҳо зан ва боқимонда 6362 мард будаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти давлатии адои ҷазо, давлат ҳар рӯз барои маҳбусон вобаста аз низоми боздошт аз 90 (1,3 доллар) то 160 сом (2,3 доллар) сарф мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG