Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт аз Пули Чархӣ. Яке аз зиндонҳои тарсноки Афғонистон


Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Як сокини 30-солаи ноҳияи Ховалинг, ки соли 2016 бо ҷурми узвият дар гурӯҳи “Толибон” дар зиндони “Пули чархии” Афғонистон зиндонӣ шуда буд, баъди озод шудан ба Тоҷикистон баргаштааст.

Қурбоналӣ Худойназарови 30-сола сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг як солу се моҳро дар зиндони афғонӣ пушти сар кард ва моҳи августи соли 2017 ба Тоҷикистон баргашт. Баъди бозгашт ва сӯҳбат бо мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон Қурбоналӣ дар озодӣ ва зери назари мақомот ба сар мебарад.

Ӯро фиреб карда, “хондан гуфта” аз Русия тариқи Туркияву Эрон вориди хоки Афғонистон карданд. Мехостанд ӯро ба Покистон баранд, аммо дар марзи Афғонистон боздошт ва бо ҷурми узвият дар сафи гуруҳи Толибон зиндонӣ шуд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин сокини Ховалинг ду сол пеш дар марзи Покистон аз сӯи марзбонҳо боздошт шуда, ба Кобул интиқол ёфт. Дар Кобул ӯро бо ҷурми узвият дар гурӯҳи мамнӯи Толибон бошдошт карда ба зиндон андохтанд.

Худи Қурбоналӣ он замон ва ҳоло ҳам мегӯяд, ки ин ҳарфҳо асос надошт ва боздошти ӯ ихтиёрӣ, баъди таслим шуданаш ба дасти мақомоти интизомӣ сурат гирифт. Ин ҳарфҳоро Қурбоналӣ Худойназаров дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баён кард, вале гуфт, ки намехоҳад дар бораи қазияаш бо матбуот сӯҳбат кунад.

Мақомот дар Тоҷикистон бо такя ба маводи парвандаи ҷиноии кишвари Афғонистон мегӯянд, ки Қурбоналӣ замони кору зиндагӣ дар Русия нахуст ба Туркия рафта аз он ҷо ба Афғонистон рафтааст.

Манбаи Радиои Озодӣ, ки аз парвандаи Худойназаров огоҳ аст, гуфт: “Тибқи баёноти додааш ӯро фиреб карда, “хондан гуфта” аз Русия тариқи Туркияву Эрон вориди хоки Афғонистон карданд. Мехостанд ӯро ба Покистон баранд, аммо дар марзи Афғонистон боздошт ва бо ҷурми узвият дар сафи гуруҳи Толибон зиндонӣ шуд."

Кор дар Русия, сипас роҳи дарози Афғонистон

Ҷангихон Одинаев, сардори бахши дини ҳукумати ноҳияи Ховалинг рӯзи 18 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи маълумоти онҳо, Қурбоналӣ Худойназаров, ҳудуди чаҳор ва панҷ соли пеш ба Русия бо ҳадафи кор рафт, вале он ҷо ба доми як гурӯҳи ифротӣ афтод. Бо ширкати аъзои ин гурӯҳ ба Афғонистон рафт. Одинаев афзуд, ки исми Қурбоналӣ Худойназаров дар руйхати нафароне, ки дар гурӯҳҳои ифротӣ қарор доран, набуд:

“Тибқи маълумотҳои ба дасти мо расида, ин нафарро гурӯҳҳои ифротӣ дар Русия ба доми худ мекашонад ва аз онҷо ба Афғонистон меравад. Баъди чанд сол бо чи воситае аз зиндон озод мешавад ва мақомотҳои назоратии худамон гирифта меоранд ва ҳамин қадар дар мавридаш маълумот дорам”-гуфт Ҷангихон Одинаев.

Боздошту зиндонӣ шудани як тоҷик бо ҷурми узвият ба “Толибон” дар Афғонистон ва бозгашта ба Тоҷикистон дар ҳолест, мақомоти афғон ахиран Сафаргул Одинаеваи 34-соларо бо писари панҷсолааш ва ду шаҳрванди дигар - Хушнуд Махсумов – сокини 33-солаи ноҳияи Ҳисор ва Ҷамолиддин Ҳасанов, сокини 31-солаи шаҳри Душанберо дар Афғонистон боздошт шуда буданд, ба Тоҷикистон баргардониданд.

Мақомот гуфтанд, ки ин се нафар аз Русия ба Эрон рафта, аз онҷо бо шиносномаҳои афғонӣ вориди вилояти Нимрӯзи Афғонистон шудаанд.

Бозгашт ба зиндаги осоишта

Қурбоналӣ Худойназаров ҳоло дар зодгоҳаш аз роҳи кор дар сохтмон даромад мебинад, вале намехоҳад саргузаштҳои худро қисса кунад.

Танҳо модари Қурбоналӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш бо онҳо дар тамос буд ва суҳбат мекард, вале намедонист, ки ӯ дар Афғонистон қарор дорад. Ин модар гуфт, ки баъди омаданаш аз мақомот огоҳ шуд, ки писараш дар Афғонистон будааст ва аз ин беш чизе намедонад.

Зимнан, мақомоти тоҷик нафаронеро, ки аз сафи гуруҳҳои тундрав бо изҳори пушаймонӣ бармегарданд, мавриди авф қарор медиҳанд.

Афғонистон, ки ҳамсояи наздиктарини Тоҷикистон аст, макони таҷаммӯи гурӯҳҳоии мусаллаҳи узви Толибон ва “Давлати исломӣ” мебошанд. Дар сафи ин гурӯҳҳо ҷангиёни хориҷӣ ҳам ҳастанд ва гоҳо мақомоти афғон дар бораи ошкору боздошт ё безарар шудани ҷангиёни тоҷики тарафдори ин гурӯҳҳои ифротӣ хабар пахш мекунанд. Ахиран манобеи артиши Афғонистон гуфтанд, ки дар марз бо Тоҷикистон гурӯҳи калони ҷангиён, аз ҷумла, 15 ҷангҷӯёни тоҷик кушта шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG