Додгоҳе дар Русия репсарои маъруф Ҳаскиро ба 12 шабонарӯз ҳабс маҳкум кард.
Ҳаски, ки номи воқеиаш Дмитрий Кузнетсов аст, дар шабакаи YouTube беш аз 6 миллион мухлис дорад. Додгоҳе дар шаҳри Краснодар рӯзи 22 ноябр Ҳаскии 25-соларо барои иҷрои таронае, ки мақомдорон ва дағалиҳои полисро масхара мекунад, бар асоси моддаи авбошӣ ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Қарор буд, ки ӯ дар шаҳри Краснодар дар як клуби шабона ҳунарнамоӣ кунад, вале баъди ҳушдори полис дар бораи ин ки гӯё дар амалҳои ӯ “нишонаҳои ифротгароӣ” дида мешавад, макони баргузории консерт тағйир ёфт. Дар макони дуюми консерт полис нирӯи барқро хомӯш кард ва тамошобинон ба берун баромаданд. Видеоҳое, ки ба интернет роҳ ёфт, Ҳаскиро дар ҳолати сурудхонӣ дар болои мошин намоиш доданд. Полис ӯро дар ҳамин ҷо боздошт кард. Тарафдорони Ҳаски талош карданд пеши роҳ полисро бигиранд ва озод кардани Ҳаскиро тақозо карданд. Дар натиҷа, полис тавонист издиҳомро пароканда кунад.
Полиси Краснодар гуфт, ки соҳиби мошине, ки Ҳаски дар болои он истода ҳунарнамоӣ кард, барои хароб шудани моликияти хусусӣ ба полис шикоят навишт. Ин модда мӯҳлати тӯлонии зиндонро дар назар мегирад.
Ҳаски гуфтааст, ки ҷуброни ин хисоротро пардохт мекунад. “Ман ба он хотир чунин рафтор кардам, ки бояд ӯҳдадориҳои худро дар баробари мардуме, ки пул дода омадаанд, иҷро мекардам”.
Ҳаски бештар дар бораи мушкилоти ҷомеа ва норизоияти мардум аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ дар Русия таронаҳо иҷро мекунад.