Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи мардумӣ гуфт, ки дар порлумон дучори бадрафторӣ шуд


Элвира Сурабалдиева

Намояндаи мардумӣ дар порлумони Қирғизистон Элвира Сурабалдиева гуфт, ки як корманди мард ӯро дар бинои порлумон мавриди азияти ҷинсӣ қарор дод. Сурабалдиева рӯзи 19 ноябр дар твиттер навишт, ки ин мард дар лифти паламент аввал ба ӯ гаппартоӣ кард ва сипас ба ӯ даст расонд.

Сурабалдиева ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки аз рафтори ин мард, ки ба ӯ даст расонд, шокӣ шуд.

"Ман бейҷи намояндагиамро бо худ надоштам. Ин мард зоҳиран аз мақомдорҳои сатҳи миёна буд, ки аз дари расмӣ вориди порлумон мешаванд. Агар ман масъалаи бадрафтории ӯро матраҳ кунам, мумкин одамҳо мегӯянд, ки "қонунгузорҳо кори муҳимтар аз ин надоранд",- гуфт намояндаи мардумии Қирғизистон

Занҳо дар қаламрави Шӯравии собиқ мегӯянд, ки онҳо маъмулан дар ҷойи кор мавриди азияти ҷинсӣ қарор мегиранд. Аммо эътирози онҳо бисёр вақт шунида намешавад ва талошҳо низ камтарин натиҷаро ба бор меорад.

Моҳи март, вақте се хабарнигори зан намояндаи порлумони Русия Леонид Слутскийро ба бадрафторӣ муттаҳам карданд, раиси Думаи Давлатӣ Вячеслав Володин ба онҳо машварат дод, ки агар наметавонанд бо рафтори қонунгузорон канор биёянд, бояд касби худро иваз кунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди ҷазо ба мардони "сабукпо" қабул нашуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00
XS
SM
MD
LG