Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Блумберг бо донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс $1,8 миллард дод


Шаҳрдори пешини Ню Йорк, миллиардер Майл Блумберг
Шаҳрдори пешини Ню Йорк, миллиардер Майл Блумберг

Шаҳрдори пешини Ню Йорк, Майкл Блумберг ба донишгоҳи ба номи Ҷонс Ҳопкинс, ки миллиардер онро соли 1964 хатм карда буд, $1,8 миллард хайр кард. Блумберг дар ин бора рӯзи 18 нобяр дар твиттер хабар дод ва гуфт, ки ин маблағ ба донишгоҳ имкон медиҳад, довталабонро бе назардошти вазъи молии онҳо қабул кунад.

Майкл Блумберг дар мақолае барои The New York Times навишт, як сабаби қарори ӯ табъзи талабаҳои синфҳои болоӣ аз оилаҳои камбизоат буд, ки наметавонанд маълумоти олӣ бигиранд. "Набояд роҳи хатмкунандаи мактаб бинобар ҳисоби бонкии хонаводаи ӯ ба сӯи донигоҳ баста шавад. Аммо ин пайваста ҷараён мегирад. Дар натиҷа, онҳое, ки мактабро бо баҳои хубтамом мекунанд, бинобар кам будани буҷаи хонаводаҳояшон ба донишгоҳ роҳ дода намешавад, то ҷой барои довталаби сарватманд боз бимонад,- навиштааст Блумберг.

Миллиардер гуфт, ки ӯ фарзанди оилаи камбизоат буд. Аммо дипломи донишгоҳи Ҳопкинс, ки бо роҳи қарзгирӣ ва корҳои иловагӣ ба даст омад, ба ӯ имкон дод, ки "орзӯи амрикоӣ"-и худро амалӣ кунад.

XS
SM
MD
LG