Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон ҳалокати сокинони осоишта аз зарбаҳои эътилофро рад кард


Низомиёни неруҳои ҳавоии ИМА дар назди ҳавопаймои F-15E Strike Eagle. 8 июни соли 2017
Низомиёни неруҳои ҳавоии ИМА дар назди ҳавопаймои F-15E Strike Eagle. 8 июни соли 2017

Пентагон рӯзи 18 ноябр хабари ҳалокати сокинони осоиштаро дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалии ба раҳбарии ИМА дар Дайр-аз-Зори Сурия рад кард.

Дар изҳороти Фармондеҳии марказии нирӯҳои мусаллаҳи ИМА омадааст, дар натиҷаи даҳҳо зарбае, ки ба мавзеъҳои гуруҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" анҷом шуданд, касе аз сокинони осоишта осеб надид. Ин амалиёт 16 ва 17 ноябр сурат гирифт.

Ахиран хабаргузории расмии Сурия -- SANA хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба атрофи шаҳри Ҳаҷин, дар шарқи Дайр-аз-Зор, 40 сокини осоишта кушта шуд.

Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, нирӯҳое, ки ба навоҳии шаҳри Ҳаҷин зарба заданд, ба эътилоф ё ҳампаймонони он тааллуқ надоранд. Бинобар ин, Пентагон аз ҳамаи ҷонибҳои иштирокчии низои Сурия даъват кард, ки ҳамлаҳои бидуни мувофиқаи худро дар навоҳии рӯдхонаи Фурот қатъ кунанд.

Хатти марз миёни мавзеъҳои нирӯҳои ИМА ва Русия аз назди рӯдхонаи Фурот мегузарад. Бино ба хабарҳо, моҳи феврали соли равон, садҳо зархариди рус ҳангоми кӯшиши вуруд ба минтақаи зери идораи амрикоиҳо дар Дайр-аз-Зор дар натиҷаи ҳамлаҳои нирӯҳои ҳавоии ИМА кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG