Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон музди таъмиргарони осорхонаи Каримовро надоданд


Дар Узбекистон ширкати бинокоре, ки маҷмааи “Оқсарой -- осорхонаи президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримовро таъмиру бозсозӣ кардааст, мегӯяд, даҳ моҳ мешавад, наметавонад аз фармоишгар пули худро дарёфт кунад.

Як муҳандиси ширкат ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, фармоишгар даҳ моҳ аст, пардохти пулро бо баҳонаҳое ба таъхир мегузорад ва дар натиҷа ширкат аз кормандони худ қарздор шудааст.

“Даҳ моҳ аст, барои ҳалли мушкил ба қабулгоҳи маҷозии президенти Узбекистон шикоят менависем. Як масъули маъмурияти президент гуфт, шумо то 80-солагии Каримов таъмирро ба поён расонед, мо пулро медиҳем. Вале ҳоло телефонашро хомӯш кардааст”, - афзуд ӯ.

Як мансабдори наздик ба раҳбарияти Осорхонаи Ислом Каримов гуфт, ширкат ба таъмиру бозсозии ин маҷмаа беш аз 486 ҳазор доллар харҷ кардааст.

“Як қисми пулро пардохт кардаанд ва қисми боқиро то охири ноябр, дери дер, то моҳи декабр пардохт мекунанд”, - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Бино ба хабари расонаҳо, фармоишгари таъмири маҷмаа аз молики ширкат -- соҳибкор Қаҳрамон Иброҳимов ҷамъан ҳудуди 156 миллион сӯм (ҳудуди 19 ҳазор доллар) қарздор аст. Ҳамчунин хабар доданд, ки пули муаллифи муҷассамаи Ислом Каримов – Илҳом Ҷабборов низ пардохт нашудааст.

Ёдрас мешавем, коргоҳи президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов – “Оқсарой” ба осорхонаи ӯ табдил дода шуд. Онро ду сол баъд аз марги Каримов боз карданд. Президенти нахустини Узбекистон 2 сентябри соли 2016 дар сини 79 даргузашт.

XS
SM
MD
LG