Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYT: Мумкин аст, Никки Ҳейлӣ муовини Доналд Трамп шавад


Ники Ҳейлӣ, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, мумкин аст, номзад ба мақоми муовини президенти Доналд Трамп шавад. Дар ин бора нашрияи The New York Times бо такя ба афроди наздик ба президенти Амрико гузориш дод.

Ба қавли манобеъ, гӯиё Доналд Трамп ба садоқати муовини ҳозирааш Майк Пенс шубҳа дорад ва дар фикри иваз кардани ӯ афтодааст.

Нашрияи The New York Times навишт, Ҳейлӣ яке аз одамони наздик ба духтари Трамп – Иванка ва шавҳари ӯ мушовири Кохи Сафед Ҷаред Кушнер аст. Ба қавли манобеъ, Ҳейлӣ метавонад ба Трамп барои ба даст овардани овози бештари занҳо кумак кунад.

Аммо як намояндаи Кохи Сафед дар суҳбат бо The New York Times гуфтааст, президенти Амрико ба таври комил аз Майк Пенс ҳимоят мекунад.

Моҳи октябри имсол дар бораи истеъфои Никкӣ Ҳейлӣ аз мақоми намояндаи доимии Амрико дар СММ хабар нашр шуд. Аммо ӯ то охири имсол ба масъулиятҳояш идома хоҳад дод.

Трамп он замон ишора карда буд, ки Ҳейлӣ метавонад ба маъмурияти ӯ биояд, вале дар бораи нақши эҳтимолии ӯ чизе нагуфта буд.

XS
SM
MD
LG