Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 ҷавон барои муноқишаи гуруҳӣ дар Душанбе


Акс аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе 7 ҷавонро барои муноқишаи гуруҳӣ ва бо итттиҳоми ба ҳам задани тартибот дар як маҳалла дар пойтахти Тоҷикистон дастгир кардаанд. Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 13-уми ноябр хабар дод, ки ҳодиса 26-уми октябр сурат гирифтааст.

“Як гурӯҳ ҷавонон дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар муноқиша намуда, бо ҳар гуна олот, аз қабили корду санг мусаллаҳ шуда, шабона оромии шаҳрвандону тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, – омадааст дар баёнияи раёсат.

Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи тафтишот муайян карда шуд, ки “ду гурӯҳ ҷавонон байни ҳамдигар муноқиша карда, бо воситаи корду дигар олот ба таври ваҳшиёна ҳамдигарро зери латту кӯби шадид қарор додаанд.”

Аксари боздоштшудаҳо, ки раёсати умури дохилӣ ном ва аксҳояшонро нашр кардааст, донишҷӯ ҳастанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо Абдулло Абдуллоеви 19-сола, донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ будааст, ки дар ҷараёни муноқиша захмӣ шуда ва дар бемористон аст. Ду нафари онҳо ҳуқуқшиносони оянда аз Донишгоҳи миллӣ будаанд. Дар муноқиша дар маҷмуъ се нафар захмҳои амиқ бардоштаанд.

“Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки номбурдагон байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар натиҷа шаҳрванд Аъзамов Сайраҳмон бо корди қаблан мусаллаҳгаштаи худ бо як бераҳмии махсус ба қафаси синаи шаҳрванд Абдуллоев Абдулло ва Зуҳуров Худобахш зада, ба онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар идомаи муноқиша ва ҳамлаи ҷавобӣ худи шаҳрванд Аъзамов Сайраҳмон бо зарби корд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.”

Раёсат нагуфтааст, ки ҷавонон барои чӣ ҷангу даъво кардаанд. Дар хабар омадааст, муноқиша бо даъвати як нафар сурат гирифтааст ва алайҳи ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаи “авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ” боз шудааст.

Дар хабар омадааст, теъдоди ширкаткунандагон дар муноқиша зиёдтар будааст ва маълум кардану ҷустуҷӯи дигар омилони ҷангу даъво идома дорад.

Солҳои ахир муноқишаҳои гуруҳӣ ва кордзанӣ дар байни ҷавонони тоҷик зиёд шудааст ва ба ҳадде, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ин тамоюл изҳори нигаронӣ кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Умеду ноумедиҳо аз пешниҳоди афв дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
XS
SM
MD
LG