Роҳбари демократҳо дар сенати Амрико гуфт, ки Ҳизби Демократ масъалаи воридсозии лоиҳаи қонун дар бораи ҳимояи таҳқиқоти дахолати эҳтимолии Маскав дар интихоботи президентии соли 2016-ро баррасӣ мекунад.
Дар доираи парвандаи мазкур додситони махсус Роберт Мюллер ҳамчунин эҳтимоли ҳамкории кормандони ситоди интихоботии Доланд Трампро бо Кремл пажуҳиш мекунад.
Чак Шумер, раиси ақалиятҳои демкорат дар сенат рӯзи 11 нобяр дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, агар иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли ИМА Мэттю Уитакер аз назорати таҳқиқот канор наравад, дар он сурат Ҳизби демократӣ метавонад, тарҳи қонун дар ҳимоят аз додситони махсус Роберт Мюллерро рӯи даст гирад. Мюллер парвандаи дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии ИМА таҳқиқ мекунад. "Агар Уитакер таҳқиқотро назорат кунад, буҳрони конститутсиониро ба вуҷуд меорад ва ба кори Мюллер дахолат мекунад ё ӯро аз мақом барканор месозад. Аз ин рӯ, конгресс бояд ба ин қазия дахолат кунад", - гуфт Шумер.
Сенатор афзуд, ҳамҳизбҳояш дар палатаи намояндагон ва сенат талош доранд, дар қонунгузорӣ меъёреро илова кунанд, ки Уитакер дар таҳқиқоти Мюллер дахолат накунад.
Уитакер пештар аз ин пажуҳиши Мюллерро танқид карда буд. Мунаққидон аз Уитакер хостанд, ба кори Мюллер дахолат накунад. Дар замони роҳбарии додситони пешин Ҷефф Сешнс кори Мюллерро муовини додситон Род Розенстайн назорат мекард.