Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳуқуқ ва имкониятҳои шумо". Дар Тоҷикистон маъракаи ҳуқуқи башар ҷараён дорад


Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Созмони Миллали Муттаҳид маъракаи 30 рӯзи мубориза барои ҳуқуқи инсон ҷараён дорад. Ин маърака, ки 9 ноябр шурӯъ шуда то 10 декабр идома мекунад, имсол ба 70-солагии эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст.

Маъракаи имсола, ки зери унвони "Ҳуқуқ ва имкониятҳои шумо" баргузор мешавад, бо ҳадафи боло бурдани сатҳи огаҳии мардум аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ба масоили ҳуқуқи башар ва риояи қонунмандӣ баргузор мешавад. Ба қавли бархе фаъолон, мавзӯи мурооти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон сол то сол доғ ва муҳим мешавад.

Ба қавли бархе мусоҳибони Радиои Озодӣ, мушкилот дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон то андозае зиёд шудааст, ки гоҳо худи ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар заминаи риояи ҳуқуқ бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки ҳуқуқи башар яке аз масоили доғ барои ҷомеаи Тоҷикистон шудааст: шурӯъ аз мушкилони мисли ҳаққи дастрасӣ ба манзил, озодии баёну матбуот - то ҷараёни судҳо – ҳама мушкили риояи ҳуқуқи инсон доранд. Ӯ гуфт, вазъ ба ҷое расидааст, ки на танҳо онҳое, ки фаъолиятҳои сиёсӣ мекунанд, балки ҳуқуқшиносону вакилони дифоъ ҳам ба далели ҳимоя нашудани ҳуқуқҳояшон кишварро тарк кунанд.

Бахтиёр Насруллоев, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқи журналист ва раҳбари КВН Хайрулло Мирсаидов ҳимоят мекунад, мегӯяд, бахши аслии мушкили марбут ба мурооти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба соҳаи ҳифзи қонун ва низоми рабт мегирад. Ӯ гуфт, бисёр вақт поймолшавии ҳуқуқ аз лаҳзаи боздошти гумонбар дар содир кардани ҷиноят шурӯъ мешавад:

“Ҳуқуқи боздоштшудаҳо аслан риоя намешаванд. Нисбати онҳо зӯроварӣ истифода мешавад, вале касе парвои ин мушкилро надорад. Танҳо агар дар пайи ҳодисаи зӯроварӣ дар нисбати боздоштшуда вай ҷони худро аз даст диҳад, мақомот вокунише нишон медиҳанд. Аммо, бештаре аз чунин ҳолатҳо аз ҷомеа пинҳон мемонанд. Ҳоло афроде зиёде дар боздоштгоҳҳову зиндонҳо бо баҳонаи пайравӣ аз созмонҳои мамнӯъ қарор доранд. Ҳуқуқҳову озодиҳои ин афрод поймол мешаванд. Вале касе ба ин мушкил расидагӣ намекунад”.

Бахтиёр Насруллоев бо ишора ба таҳаввулоти ахири кишвар гуфт, ки дар ҳодисаҳои ахири Бадахшон ва ҳам ошӯб дар зиндону ҳалокати инсонҳо ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон барои иттилоъ нақз шудааст, ки дар ниҳоят ба манфиати давлат нест.

Амнияти Абдуназар, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар то рафт маҳдуд шудани ҳуқуқи инсон дар кишвар – натиҷаи фишор ва маҳдудият дар озодии сухан мебошад. Ӯ гуфт, ки матбуоти тоҷик ба фарқ аз солҳои пеш, ҳоло наметавонанд озодона дар бораи мушкилоти сахт матолиб нашр кунанд.

Дар чанд соли ахир мавзӯи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғи ҷомеа табдил шудааст. Сӯҳроб Шоев, намояндаи махсуси Раёсати ҳуқуқи инсони Созмони Миллали Муттаҳид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин маросим гуфт, ки ҳарчанд Тоҷикистон дар таъмини риояи ҳуқуқи инсон ба пешрафтҳое даст ёфтааст, вале мушкилот дар ин замина ҳамчунон боқӣ мемонад. Вай хабар дод, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон ба таҳияи Барнома ё стратегияи таъмини риояи ҳуқуқи инсон барои то соли 2030 ва қонуни нави ҷилавгирӣ аз табъиз ё хушунатро шурӯъ кардааст, ки иқдоми хуб мебошад. Ҷаноби Шоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

“Зимни сафари Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон як барномаи мукаммал тасвиб карда шавад. Тасвиби чунин санад дар кишварҳои дигари узви СММ нишон медиҳад, ки муқаррароти онҳо барои таъмини ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳо кӯмак кардааст. Ҳоло иттилох дорам, ки гурӯҳи махсуси ҳукуматӣ машғули таҳияи чунин ҳуҷҷат аст. Мутмаинам, дар сурати тасвиби чунин барнома дар Тоҷикистон шароит барои риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар бештар мешавад”.

Пратихба Метха, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар як моҳи оянда сохторҳои ин ниҳод дар Тоҷикистон якҷо бо ҷомеаи маданӣ барои расонидани иттилои бештар ба сокинон дар бораи ҳуқуқҳояшон ҳамоишҳову мизҳои гирд баргузор мекунанд.

Ҳамчунин ба иттилои хонум Метха бархе аз шабакаҳои давлатии телевизиноӣ ва синамохонаҳо ризоият додаанд, ки маводи таблиғотӣ дар робита ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба намоиш гузоранд. Бо ин вуҷуд хонум Метха мегӯяд, ки дастрасӣ ба натиҷаҳои бештар дар заминаи таъмини ҳуқуқи инсон дар ҳар кишваре ва бахусус дар Тоҷикистон танҳо дар сурати амалҳои дастҷаъмонаи куллияи ҷомеа имконпазир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG