Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Қазоқистон "ба умури дохилии Чин дахолат намекунад"


Кайрат Абдураҳмонов, вазири умури хориҷии Қазоқистон.
Кайрат Абдураҳмонов, вазири умури хориҷии Қазоқистон.

Қазоқистон наметавонад, масъалаи фишор ба қазоқҳои қавмиро "дар урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин дар созмонҳои байналхалқӣ ба баррасӣ гузорад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов изҳори назар кард.

"Мо ҳақ надорем, ки ин масъаларо дар созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ кунем. Ин масъалаи дохилии Чин аст. Мо ба умури дохилии онҳо дахолат намекунем", - гуфт вазир. Вай афзуд, бо сафири тозатаъйини Чин дар Қазоқистон масъалаи "урдугоҳҳои бозтарбияи ақалиятҳои қавмӣ"-ро баррасӣ мекунад.

Сар аз моҳи апрели соли 2017 дар бораи таъсиси урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ барои ақалиятҳои қавмӣ дар Чин хабар мерасад. Созмонҳои байналхалқӣ аз вуҷуди чунин урудгоҳҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Мақомоти Чин ахиран мавҷудияти урдугоҳҳоро эътироф карданд.

XS
SM
MD
LG