Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон: Аврупо барои ҳимояи худ аз Русия, Чин ва ҳатто ИМА ба артиш ниёз дорад


Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Аврупо барои ҳимояи худ аз Русия, Чин ва ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба артиши худӣ зарурат дорад.

Дар ин бора президенти Фаронса Эммануэл Макрон рӯзи 6-уми ноябр дар шабакаи радиои "Европа-1" изҳорот дод. Ба гуфтаи Макрон, кишварҳои аврупоӣ бояд нерӯи мусаллаҳи ягона таъсис диҳанд, ки аз Амрико вобаста набошад ва мустақилона фаъолият кунад.

Макрон таъкид кард, ки дар ноҳияҳои сарҳадии Аврупо кишварҳои авторитарие ҷойгир ҳастанд, ки дар фазои киберӣ ба Аврупо таҳдид ва ба демократияи онҳо дахолат мекунанд. Ӯ Русияро яке аз чунин кишварҳо номид.

Раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин гуфт, ки зарурати таъсиси нерӯҳои аврупоӣ баъди изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп, дар бораи хуруҷи Амрико аз қарордоди маҳви мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвоз, бештар шуд.

Моҳи июн Комиссиюни Аврупо пешниҳод кард, ки барои таҳкими мудофиаи Иттиҳоди Аврупо 13 миллиард евро ҷудо шавад. Ин пулҳо барои технология ва дастгоҳҳо, аз ҷумла рамзгузории компютерҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин сарф хоҳад шуд. Брюссел бовар дорад, ки ин иқдом Аврупоро ба бозигари нерӯманди глобалӣ табдил медиҳад.

XS
SM
MD
LG