Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми рус: "Давлат ба шумо нагуфтааст, ки кӯдак таваллуд кунед". ВИДЕО


Владимир Путин, Налчик, соли 2001
Владимир Путин, Налчик, соли 2001

Сардори раёсати сиёсати ҷавонони вилояти Свердловск Олга Глатских дар як мулоқот бо наврасони фаъол дар шаҳри Кировград гуфт, ки ба кӯдакон бояд волидонашон кӯмак кунанд ва давлат дар баробари онҳо масъулият надорад. “Давлат ба волидони онҳо нагуфтааст, ки кӯдак таваллуд кунед”, посух дод Глатских ба саволи ин ки то куҷо ҳукумат омода аст барномаҳои марбут ба кӯдаконро маблағгузорӣ кунад.

Маълум нест, ки мулоқот Глатских кай баргузор шудааст, вале пахши навори видеоии сӯҳбатҳои ин узви ҳукумат дар шабакаҳои интернетӣ рӯзи 5 ноябр мояи интиқоди шадид шуд. Евгений Куйвашев, раиси вилояти Свердловск гуфт, ки аз чунин изҳори назарҳои мақоми зеридасташ мутаассиф аст ва дар ин замина таҳқиқоти худро ба роҳ мемонд. Куйвашев гуфтааст, ки баръакс, ҳукумати Русия дар робита бо ҷавонону кӯдакон сиёсати вижа ва пайгирона ба роҳ монда дар рушди солими насли наврас манфиатдор аст.

Навори видеоӣ аз "Эхо 24":

Дар мулоқоте, ки видеояш ба интернет роҳ ёфтааст, Олга Глатских гуфтааст, ки кӯдакону наврасон набояд аз давлат чизе умедвор бошанд, тамоми масъулият ба дӯши волидонашон аст. Ин изҳороти мақомдори рус ва собиқ барандаи бозиҳои олимпии соли 2004 дар бахши гимнастика бо изҳороти президент Владимир Путин дар ихтилоф аст, ки бо сабаби коҳиши ҷамъияти Русия пуштибонӣ аз оилаҳои серфарзанд ва кӯмак ба афзоиши аҳолиро сиёсати давлатӣ унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG