Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу аз эҳёи таҳримҳои зидди Теҳрон ситоиш кард


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба хотири дубора баргардондани таҳримҳо алайҳи Эрон ситоиш кард ва онро “як иқдоми таърихӣ” хонд.

Нетаняҳу дар як баёния рӯзи 3-юми ноябр гуфт, “раиси ҷумҳур Трамп, ба хотири ин иқдоми таърихӣ аз шумо ташаккур. Воқеан, таҳримҳо дар роҳанд”.

Интизор меравад таҳримҳои Амрико ба бахши молӣ, нафту саноати киштисозӣ ва киштиронии Эрон рӯзи 5-уми ноябр аз сар гирифта шавад. Ин таҳримҳо қаблан тибқи созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 миёни Эроун шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, лағв гардиданд. Дар ивази ин созишнома Эрон фаъолияти ҳастаии худро боздошт.

Аммо президент Трамп дар моҳи майи имсол Амрикоро аз ин мувофиқатнома берун кард ва гуфт, ки таҳримҳои Вашингтон зидди Эрон аз сар гирифта мешавад.

Трамп мегӯяд, ин мувофиқатнома наметавонад Эронро аз сохтани аслиҳаи атомӣ боздорад.

XS
SM
MD
LG