Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Комила Урунова, зани 35-солаи тоҷикро ҷустуҷӯ дорад


Комила Урунова. Акс аз сомонаи расмии "Интерпол" гирифта шудааст
Комила Урунова. Акс аз сомонаи расмии "Интерпол" гирифта шудааст

Русия аз тариқи пулиси байналмилалӣ ё “Интерпол” Комила Урунова, як шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Комилова ба иштирок дар сафи созмони мусаллаҳи ғайриқонунӣ муттаҳам аст.

Мақомоти интизомии Русия дар бораи Урунова маълумоти зиёде надода, танҳо гуфтаанд, ки ӯ 35-сола аст, дар Тоҷикистон зода шуда ва забони тоҷикӣ, узбекӣ ва русиро медонад.

Дар саҳифаи “Интерпол” шаш акси ӯро гузоштаанд, ки дар либоси мазҳабӣ тасвир ёфтааст. Иттилои дигар дар бораи ӯ дастрас нест.

Русия дар маҷмуъ 30 шаҳрванди Тоҷикистонро тариқи “Интерпол” ҷустуҷӯ дорад ва аксу маълумот дар бораи онҳо дар вебсайти расмии пулиси байналмилалӣ ҳам нашр шудааст. Аксари ин афрод барои фаъолиятҳои террористӣ, ташвиқу тарғиби терроризм дар хоки ин кишвар, узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва куштору қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд.

Тоҷикистон дар навбати худ листи алоҳидаи афроди таҳти ҷустуҷӯро таҳия кардааст, ки он шомили садҳо нафар аст. Бисёрии онҳо тавассути “Интерпол” ва қисме бо ёрии пулиси Туркия ва Русия ҷустуҷӯ мешаванд.

Бино ба омори охирине, ки мақомот дар Тоҷикистон эълон карданд, аз соли 2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", 1141 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Аз ин шумора ҳудуди 100 нафар дубора ба ватан баргашта ва аксаран мавриди афв қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG