Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: ИМА дар 40 соли мубориза бо Эрон “шикаст хӯрдааст”


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, гуфтааст, ки тасмими Амрико дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодии нав бар Теҳрон як талоши нокоми дигар хоҳад буд.

Хоманаӣ рӯзи шанбе дар Теҳрон гуфт, “Амрикои имрӯз аз Амрикои чиҳил сол пеш, ки инқилоб пирӯз шуд, ба маротиб заифтар аст. Қудрати Амрико рӯ ба поён аст. Нуктаи муҳим ин аст”.

Амрико эълон кард, ки рӯзи 5-уми ноябр таҳримҳо алайҳи Эрон ба иҷро хоҳанд даромад. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба хотири азсаргирии таҳримҳо бар Эрон ситоиш кардааст.

Президент Трамп моҳи майи имсол аз тавофуқи ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон берун шуд. Ин созишнома дар айни раёсати Барак Обама, президенти пешини Амрико имзо шуда буд.

XS
SM
MD
LG