Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон ҳукми қатл алайҳи Осия Бибиро лағв кард


Додгоҳи олии Покистон рӯзи 30-юми октяб ҳукми эъдоми як зани масеҳиро, ки таваҷуҳи ҷомаеи байналмилалиро ба худ ҷалб карда буд, лағв кард.

Ҳайати додрасҳо иборат аз раиси Додгоҳи олии Покистон Соқиб Нисор, дорас Осиф Саид Хуса ва додрас Мазҳар Олам ҳукми додгоҳи Лоҳурро, ки Осия Бибӣ, модари чаҳор фарзандро барои таҳқири паёмбари ислом Муҳаммад (сс) ба қатл маҳкум карда буд, бекор намуд ва ҳукми озодии ӯро содир кард.

Бинобар мулоҳизоти амниятӣ, макони будубоши Осия Бибӣ ошкор намешавад. Замоне ҳукми эъдоми ӯ ҷомеаи масеҳиро дар ҷаҳон ба хашм овард. Ҳоло озод кардани Осия Бибӣ хашм бахши бузурге аз ҷомеаи Покистонро ба миён овардааст.

Рӯзи 31-уми октябр тарафдорони аҳзоби исломӣ ба хиёбонҳо рехтанд ва алайҳи ин ҳукми Додгоҳи олии Покистон эътироз намуданд. Онҳо қаблан таҳдид карда буданд, дар сурати озодии ин зан тазоҳуроти оммавиро шурӯъ мекунанд.

Дар соли 2011 раиси иёлати Панҷон Салмон Таъсир ва вазири ақалиятҳои қавмии Покистон ба хотири ҷонибдорӣ аз ин зан кушта шуданд.

Тавҳин ва таҳқири муқаддасоти ислом дар Покистон ҷазои ҳукми қатлро дар пай дорад ва паҳн шудани овоза ҳам дар мавриди куфргӯи метавонад боиси муҷозоти худсарона аз сӯи издиҳом гардад.

Осия Бибӣ нахуст соли 2010 аз сӯи додгоҳи вилоятии иёлати Панҷоб барои гӯё куфргӯи дар назди занони мусулмон ҳангоми кор дар хоҷагӣ маҳкум ба қатл шуда буд.

XS
SM
MD
LG