Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 9 моҳ 11 қочоқчӣ дар марз бо Афғонистон кушта шуданд


Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар нӯҳ моҳи соли равон дар марз 20 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 11 қочоқӣ кушта шудааст. Ба иттилои нерӯҳои марзбонӣ, дар пайи задухӯрдҳо аз қочоқчиён беш аз 1300 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Марзи Тоҷикистон дар соли равон шоҳиди муноқишаҳои зиёде буд. Муҳимтарини онҳо ҳамла ба як мошини ҷангалбонони тоҷик буд, ки моҳи август дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Фархор рух дод. Дар ин ҳодиса Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов кушта шуданд.

Мақомоти афғон гуфтанд, дар пайи ин ҳамла чархболҳои тоҷик дар фазои ҷангали "Кӯҳнахона" амалиёт гузаронданд. Иттилое, ки мақомоти тоҷик онро тасдиқ накарданд, аммо бо ин вуҷуд ин хабарро расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ инъикос карданд.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, масъалаи ҳамла ба ҷангалбонони тоҷик дар ҷаласаи ҷамъбастии Қушунҳои сарҳадӣ баррасӣ шуд. Ба иттилои мақомот, дар бораи сабабҳои рух додани ин ҳодиса санҷиши хидматӣ анҷом доданд. Аммо ҷузъиёти ин санҷиш ошкор карда намешавад.

Зимнан мақомоти марзбонӣ мегӯянд, дар нуҳ моҳи соли равон дар марз 328 нафарро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG