Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асмо Ҷаҳонгир барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башари СММ шуд


Асмо Ҷаҳонгир
Асмо Ҷаҳонгир

Асмо Ҷаҳонгир, фаъоли ҳуқуқи башари Покистон, ки дар аввали имсол даргузашт, барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2018 эълон шуд.

Мария Фернанда Эспиноса, раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал, рӯзи 26-уми октябр дар «Твиттер» гуфт, Асмо Ҷаҳонгир дар ҷамъи фаъолоне шомил аст, ки ҷоизаи имсолаи ҳуқуқи башарро аз они худ кардаанд.

Ба ин феҳрист муассиси як ниҳоди ғайридавлатӣ аз Бритониё, як вакили бразилиягӣ ва як фаъоли ҳуқуқи занони ирландӣ низ шомиланд.

Мария Фернанда Эспиноса навишт, «ҷои ифтихор аст, саҳми афрод ва созмонҳоеро, ки аз ҳуқуқи башар ҳимоят мекунанд ва онро тарвиҷ медиҳанд, ба расмият бишиносем.»

Асмо Ҷаҳонгир дар 66-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Ӯ аз соли 1998 то 2006 гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди эъдомҳои ғайриқонунӣ адои вазифа кардааст. Аз соли 2006 то 2010 дар заминаи озодии динҳо ва боварҳо низ фаъолияти чашмгир дошт.

XS
SM
MD
LG