Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Покистон бо сокинони эътирозгари Карочӣ вориди задухӯрд шуд


Пулис дар бузургтарин шаҳри Покистон - Карочӣ бо сокиноне вориди даргирӣ шуд, ки дар паи ихроҷи онҳо аз хонаҳои давлатӣ даст ба эътироз заданд.

Телевизионҳои маҳаллӣ саҳнаи муноқишаҳоро бо пулис нишон дод, ки бо калтак мусаллаҳ ҳастанд. Барои тарс додани издиҳом ҳамчунон аз тӯпҳои обпош истифода шуд.

Ба гуфтаи сухангӯи пулис, эътирозгарон афсарони пулисро сангборон карда 4 нафари онҳоро маҷруҳ карданд.

Раиси вилояти Синд Мурод Алӣ Шоҳ дастур дод неруҳои пулис аз ноҳия берун карда шаванд. Дар задухӯрди пулис ва эътирозгарон ҳадди ақал 12 нафар маҷруҳ шуданд, гуфта мешавад дар бархе гузоришҳо.

Шамил Риёз, як корманди полис мегӯяд, даҳҳо нафар аз эътирозгарон бинобар монеъ шудан барои иҷрои фармони берун кардани одамон аз хонаҳои хидматӣ аз сӯи полис, ҳабс карда шуданд.

Моҳи июл Додгоҳи олии Покистон амри берун кардани сокинони ғайриқонуниро аз хонаҳои хидматӣ содир кард. Ин хонаҳо барои кормандони давлатӣ аз ҷумла дар ноҳияи Карочӣ ҷудо шудаанд.

XS
SM
MD
LG