Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пенс: Феълан Амрико дар фикри таъсиси нирӯҳои мустақили кайҳонӣ нест


Рӯзи 23-уми октябр Майк Пенс, муовини президенти Амрико дар як конфронси марбут ба масоили кайҳон дар Вашингтон гуфт, Кохи Сафед то соли 2020 нияти таъсиси неруҳои мустақили кайҳониро надорад. Пенс роҳбари Шӯрои миллӣ оид ба кайҳон аст, ки соли гузашта барои созмон додани неруҳои ҳарбии кайҳонӣ барқарор шуд.

Пенс гуфт, ки президент базудӣ аз Конгресс дархост мекунад, ки ҳарбиён ва мутахассисони мулкиро, ки дар соҳаи бехатарӣ дар кайҳон кор мекунанд, зери як фармондеҳии воҳид, мисли як нерӯи вижаи ҳарбӣ муттаҳид созад.

“Шӯрои миллӣ оид ба кайҳон ба президент тавсия медиҳад, ки таъсиси ингуна неруҳоро аз созмон додани фармондеҳии воҳиди кайҳонӣ шурӯъ кунад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Майк Пенс, айни ҳол, ҳудуди 60 ҳазор нафар дар арсаи амният дар кайҳон дар қисмҳои гуногуни ҳарбӣ ва истихборотӣ кор мекунанд. Айни ҳол неруҳои ҳабии ИМА аз панҷ шоха иборат аст: артиш, нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ, нирӯҳои пиёдагарди дарёӣ, неруҳои баҳрӣ ва горди марзбонӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG