Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский ба Душанбе меояд


Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия авохири моҳи ҷорӣ аз Тоҷикистон дидан менамояд. Тибқи иттилои расмӣ, оқои Жириновский дар ҳайати 20-нафараи вакилони Думаи давлатии Русия ба Душанбе меояд.

Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, қарор дар ин сафар Жириновский бо раиси порлумон, вазири умури хориҷӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот намояд. Мулоқоти ӯ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ дар назар аст.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки Жириновский ва ҳамроҳонашро ба тамошои Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи ширкати алюминии Тоҷикистон "ТАЛКО" ва ангурзорҳои водии Ҳисор низ мебаранд.

Владимир Жириновский бо суҳбатҳои зиддунақиша дар мавзуъҳои мухталиф машҳур аст. Аз ҷумла, изҳоротҳои ӯ дар бораи кишварҳои собиқи шӯравӣ ва муҳоҷирони корӣ, баҳсҳоеро ба миён оварда буд.

XS
SM
MD
LG