Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пажӯҳишгари Антарктида ба ҳамкораш бо корд ҳамла кард


пойгоҳи Белллинсгаузен
пойгоҳи Белллинсгаузен

Ба иттилои оҷонсии Интерфакс, як пажуҳишгари пойгоҳи тадқиқотии Русия дар Антарктида бар сари эҳсос бо корд ба ҳамкораш ҳамла карда ӯро маҷруҳ кардааст. Оҷонсӣ шоми рӯзи 23-уми октябр иттилоъ дод, ки ҳодиса рӯзи 9-уми октябр дар ошхонаи ин пойгоҳ рух додааст.

Пажуҳишгари маҷруҳшуда ба яке аз шифохонаҳои кишвари Чили интиқол дода шудааст. Мақомдорони Русия дар ин бора изҳори назар накарданд. Ба гуфтаи Интерфакс, ҳамлавар Сергей Савитский баъди ҳодиса ихтиёран худро ба роҳбари пойгоҳи Белллинсгаузен таслим кард ва айни ҳол дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ба иттилои оҷонсӣ, ин ҳодиса дар натиҷаи “асабоният дар фазои маҳдуд” рух додааст.

Пойгоҳи Белллинсгаузен соли 1968 аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуда, ба номи пажуҳишгари руси қитъаи Антарактида дар асри XIX гузошта шудааст

XS
SM
MD
LG