Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд ҷашнворае бо ширкати президент барпо мешавад


 акс аз president.tj
акс аз president.tj

Субҳи фардо, 25 октябр дар Қасри Арбоби Хуҷанд бо ширкати раисҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон ҷашнвораи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, оши палав ва атласу адрас доир мегардад. Маркази матбуоти раиси ҳукумати Суғд мегӯяд, ки дар ин ҷашнвора намунаҳои меваю сабзавоти маҳаллӣ, мисли харбузаву тарбуз ва маҳсулоти омодагардидаи корхонаҳои маҳаллӣ, атласу адрас ва матоъҳои дастибофт ва тавлиди корхонаҳои худӣ ва либосҳои суннативу замонавӣ аз онҳо ба маърази намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ба ҷашнвора ҳунармандону масъулони корхонаҳо ва фаъолон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳамчунин хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ даъват шудаанд.

Имрӯз сафари президент - Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд бо ифтитоҳи чандин корхонаву иншооти ҷамъиятӣ, Кохи ҷавонон ва мактаби нави миёна дар маркази шаҳр идома дорад. Сафари кории раисҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рӯзи душанбеи 22 октябр аз боздид аз ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз гардид.

XS
SM
MD
LG