Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Восеъ гуфтанд, дар шабонарӯз чор соат барқ доранд. ВИДЕО


Сокинони баъзе аз деҳаҳои ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ шадидтар шудааст. Онҳо иддао доранд, дар як шабонарӯз ҳамагӣ чаҳор соат барқ мегиранду бас.

«Моҳи гузашта ҳам маҳдудият буд. Дар як шабонарӯз даҳ соат барқ медоданд. Маҳдудият ҳамин ҳафта шадидтар шуд», - гуфт як сокини Нончемаси ноҳияи Восеъ рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Азим Рашидов, сокини дигари ноҳияи Восеъ гуфт, ду соат шабона ва ду соат субҳгоҳон бо барқ таъминанд.

Мақомоти ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи 22-юми октябр бо нашри як иттилоияи расмӣ маҳдудияти интиқоли нирӯи барқро дар баъзе аз минтақаҳои кишвар тадсиқ карда ва онро ба охирин корҳои таъмирӣ дар шабакаҳои барқӣ рабт доданд. Дар «Барқи Тоҷик» гуфтанд, ки маҳдудияти барқ муваққатист.

Намонядагони ширкат дар минтақаи Кӯлоб ҳам ба мардум гуфтаанд, ки маҳдудият дар нимаи дувуми моҳи ноябри имсол бардошта хоҳад шуд.

Ҳоло ҳама чашмҳо ба сӯи нирӯгоҳи барқи обии Роғун нигаронда шудааст, ки ба қавли мақомот рӯзи 16-уми ноябри имсол нахустин чархаи онро фаъол хоҳанд кард. Мақомот эълон карданд, ки дар он рӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон сайру гашти идона баргузор мегардад ва маросими расмии таҷлил аз он рӯзи 17-уми ноябр дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт сурат хоҳад грифт.

Баъзе сокинони ноҳияи Восеъ аз бебарқӣ чӣ мекунанд, дар ин навори видео бибинед:

Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз чор соат барқ доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Шарҳҳоро бинед (37)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG