Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нирӯи барқро эътироф кард


Бинои ширкати "Барқи Тоҷик"

Ширкати "Барқи Тоҷик" маҳдудияти интиқоли нирӯи барқро дар баъзе аз минтақаҳои кишвар эътироф кард.

Сокинони бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз як моҳ боз шикоят доранд, ки дар шабонарӯз аз 5 то 10 соат нирӯи барқ мегиранду бас. Бино ба маълумоти сомонаи “Барқ нест” фақат рӯзи 21-уми октябр дар 19 шаҳру навоҳии кишвар маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ сабт шудааст.

Масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 22-юми октябр гуфтанд, ки бино ба зарурат дар баъзе аз минтақаҳо маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ ҷорӣ шудааст. Онҳо гуфтанд, "дар системаи энергетикӣ охирин корҳои таъмирӣ-профилактикии дастгоҳҳои азим идома доранд. Вобаста ба ин зарурат пеш омадааст, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли барқ зина ба зина қатъ мегардад."

Масъулони ширкат мегӯянд, ин тадбир муваққатӣ аст ва "барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад".

Дар ҳамин ҳол, ширкати "Барқи Тоҷик" эълон кард, ки интиқоли гармӣ ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе шуруъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 800 бино ва иншооти воқеъ дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии пойтахт бо гармӣ таъмин гардидаанд.

“Корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ ба дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома дорад. Имсол аз рӯи нақша бояд 1800 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд”, - гуфтанд дар ширкати “Барқи Тоҷик”.

Мақомот мегӯянд, имсол дар пайи беҳтар шудани мунсобот бо Узбекистон, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 бо газ фаъол аст. Аммо онҳо гуфтаанд, то кунун беш аз 700 ҳазор тонна ангиштро ҳам захира кардаанд.

Ба иддаои мақомот, инчунин нерӯгоҳҳои барқу гармии пойтахт дар шабонарӯз беш аз 8,5 миллион киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунанд.

Видеоҳои охирин

Сокинон дар бораи фаъол шудани чархаи нахустини Роғун чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:12 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG