Мақомоти баландпояи Афғонистон ба афроде, ки дар интихоботи порлумонии олуда ба хушунат дар охири ҳафтаи гузашта ширкат карданд, аҳсан гуфтаанд. Ҳузури мардум дар интихобот ба гуфтаи онҳо, нишон дод, ки мардум идеологияҳои ифротии Толибонро қабул надоранд.
Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон рӯзи 22-юми октябр дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, “Толибон мехостанд, дарёи хун ҷорӣ шавад, вале мағлуб шуданд, афкору ақоиди онҳоро рад карданд.»
Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар интихоботи рӯзҳои 20-ум ва 21-уми октябр аз миёни 9 миллион мардуми дорои ҳаққи раъй тақрибан 4 миллион нафари онҳо дар интихоботи порлумонӣ ва ё Вулуси Ҷирга иштирок карданд.
Ҷангҷӯёни Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрав ҳам дар остонаи интихобот ва ҳам дар рӯзи интихобот даҳҳо нафарро куштанд. Мушкилоти фаннӣ ва ё ташкилӣ як сабаби дигари ду рӯз идома кардани интихобот шуд. Толибон дар остонаи интихобот ба мардум таҳдид карданд, ки дар интихобот ширкат наварзанд.
Натиҷаҳои ниҳоии интихобот, ки як имтиҳони тавоноии ҳукумати Афғонистон дар таъмини амният дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад, ба эҳтимоли ғолиб моҳи декабр эълон мешавад.