Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҷаласаи машваратии ИМА ва Тоҷикистон шурӯъ шуд


Дар Душанбе рӯзи 23 октябр ҷаласаи ҳарсолаи машваратии ИМА ва Тоҷикистон шурӯъ шуд. Ҷаласа дар бинои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҷониби Амрикоро дар ин машваратҳо муовини Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пума раҳбарӣ мекунад.

Дар хабаре, ки рӯзи 19 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо кордори Сафортаи ИМА Кевин Коверт, ҳайати байниидоравӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ мекунанд. Дар ин ҷаласа мубориза бо ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба ҳамгироии минтақавию рушди иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, машваратҳои имсола давоми рӯз идома дошта, субҳи фардо Эмилиа Пума барои хабарнигорон аз натиҷаҳои ин машваратҳо нишасти хабарӣ баргузор мекунад.

XS
SM
MD
LG