Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Дар Ҳирот як сарбоз кушта ва ду нафар захмӣ шуд


Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки рӯзи 22 октябр дар як қароргоҳи НАТО (барномаи кӯмакрасони НАТО) дар вилояти Ҳирот, ғарби Афғонистон, як сарбоз кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Ин хабарро дар як қароргоҳи НАТО тасдиқ карданд. Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз он аст, ки ҳамларо як узви нирӯҳои амниятии Афғонистон анҷом додааст, вале феълан ҳеҷ ҷузъиёти дигар дар даст нест.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ахиран Пентагон гуфт, як генерали артиши Амрико Ҷейрӣ Смайлӣ рӯзи 18 октябр дар як ҳамла дар вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон маҷрӯҳ шуд. Дар ин ҳодиса ду мақоми баландпояи Афғонистон кушта шуданд. Грант Нилӣ, як сухангӯи НАТО рӯзи 21 октябр ба матуботи амрикоӣ гуфт, «генерал аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҳамлаи Қандаҳор барқарор мешавад». Нилӣ гуфт, ки генералро мутахассисони бемористони марбут ба НАТО дар Қандаҳор табобат мекунанд. Дар ин ҳамла инчунин раиси полис ва хадамоти истихбороти вилояти Қандаҳор кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо, ки ду рӯз пеш аз интихобот дар Афғонистон рух дод, Толибон ба ӯҳда гирифтанд.

Бо сабаби ҳамин ҳодиса интихобот дар Қандаҳор то як ҳафта баъд ба таъхир афтод. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, баъди он ки дар қароргоҳи раиси вилоят як ҷаласае бо ширкати мақомоти баландпоя баргузор шуд, як муҳофиз ба сӯи мақомот оташ кушод. Ҳамлагар дафъатан кушта шуд. Нилӣ гуфт, ки дар ин ҷаласа инчунин фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ генерал Скотт Миллер иштирок мекард, вале дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд.

XS
SM
MD
LG