Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Трамп дар Маскав бо Лавров мулоқот мекунад


Мушовири амнияти милии президенти Амрико Ҷон Болтон қарор аст рӯзи 22 октябр дар Маскав як сафари расмии дурӯзаро шурӯъ кунад. Ин сафар дар шароите баргузор мешавад, ки изҳороти президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи аз созиши муҳими силоҳҳо бо Русия берун шудани Иёлоти Муттаҳида боиси эҷоди таниш шуд.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 21 октябр тасдиқ кард, ки воқеан ҳам президент Владимир Путин бо Ҷон Болтон мулоқот мекунад, вале на дар рӯзи 22 октябр. Дар рӯзи аввали сафари расмии мушовири Трамп ба Маскав музокироти ӯ бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар назар гирифта шудааст. Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков гуфт, интизори “шарҳи муфассали” мавқеи Трамп дар робита бо созиши марбут ба Нобудсозии мушакҳои миёнаву дурпарвоз мебошад. Ӯ инчунин гуфт, ки хориҷ шудани Амрико аз ин созишнома “хеле хатарнок” аст ва Вашингтонро аз қабули қарорҳои, ба гуфтааш, “эҳсосотӣ” ҳушдор дод.

Созиши Нобудсозии мушакҳои миёнаву дурпарвоз миёни Русия ва ИМА соли 1987 ҳанӯз аз ҷониби президенти СССР Михаил Горбачев ва раиси ҷумҳурии Амрико Роналд Рейган имзо шуд ва дар гарм шудани робитаҳои сиёсии миёни ду қудрат қадами муҳим гузошт. Ахиран ИМА гуфтааст, ки Русия солиёни зиёд ин созишномаро нақз карда, ба истеҳсоли мушакҳои нав даст задааст. Бори аввал ин иттиҳомот аз ҷониби Вашингтон соли 2014 садо дод. Русия ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.

XS
SM
MD
LG