Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз Суғд боздид мекунад


Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рӯзи 22-юми октябр аз маросими баҳрабардорӣ аз қитъаи роҳи мошингарди "Деҳмой-Меҳробод-Маданият" шурӯъ шуд.

Ин қитъаи роҳ бахше аз шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара буда, дар доираи тарҳи "Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ" навсозӣ шуд. Дар ин бора вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод.

Рӯзи душанбе, инчунин, дар ҷараёни боздид аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, президент дар маросими ифтитоҳи Маркази нави саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод ширкат кард.

Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ин ноҳия як коргоҳи дӯзандагию қолинбофӣ ва дар маркази ноҳия парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 50 метр ба истифода дода шуд.

Президент Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш инчунин аз ноҳияи Спитамен ва шаҳрҳои Гулистону Бӯстон боздид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG