Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва истирдоди мушовири пешини Алмосбек Отамбоев


Икромҷон Илмиянов
Икромҷон Илмиянов

Икромҷон Илмиянов, мушовири президенти собиқи Қирғизистон Алммосбек Отамбоев, дар хориҷа боздошт ва ба Бишкек истирдод шудааст.

Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вале Сулаймонов нагуфт, ки Илмиянов кай, дар куҷо ва таҳти кадом шароит дастгир шудааст.

Ду рӯз пеш Додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек ғоибона ҳукми боздошти Икромҷон Илмияновро содир карда буд.

Раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон, ки Илмиянов яке аз фаъолонаш аст, дар бораи дар куҷо будани мушовири пешини Алмосбек Отамбоев чизе намедонанд. Кундуз Жолдубоева, як масъули Ҳизби сотсиал-демократ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Икромҷон Илмиянов бори охир тобистони имсол бо аъзои ҳизб дар тамос буд.

"Он вақт ӯ дар Маскав қарор дошт ва модарашро барои табобат бурда буд. Дигар тамос нагирифтааст. Пас аз интихоботи президентии соли гузашта гуфта буд, ки аз сиёсат хаста шудааст ва худро аз корҳои ҳизбӣ низ канор гирифт", - афзуд Жолдубоева.

Икромҷон Илмиянов, ки бештар бо лақаби "Ронанда" маъруф аст, яке аз одамони наздики Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон гуфта мешавад.

Дар замони раёсати Отамбоев ӯ хеле зуд зинаҳои карйераи сиёсиро тай кард. Соли 2010 мушовири нахуствазир Алмосбек Отамбоев буд. Баъди ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя задани Отамбоев то мақоми муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президент расид.

Икромҷон Илмиянов соли 2015 ғайриинтизор аз мақомаш канор рафт.

XS
SM
MD
LG