Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷопон озод шуд


Ҳамроҳхон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд
Ҳамроҳхон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд

Рӯзи 19-уми октябр дар чанд намояндагии расмии Тоҷикистон дар хориҷа тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бар асоси ин тағйирот, Ҳамроҳхон Зарифӣ аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷопон озод шуд. Дар ин бора фармони президент Эмомалӣ Раҳмон низ содир гардид, вале дар он сабаби барканорӣ гуфта нашудааст.

Ҳоло Мирзошариф Ҷалолов сафири нави Тоҷикистон дар Ҷопон таъйин гардидааст. Ӯ аз соли 2014 то ин дам сафири кишвар дар Ҳиндустон буд. Мирзошариф Ҷалолов қаблан дар сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ соли 2015, пас аз ду соли барканорӣ, аз мақоми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мансаби дипломатӣ гирифта буд. Зарифӣ моҳи ноябри соли 2013, баъди интихоботи президентӣ, дар пайи ба истеъфо рафтани ҳукумати Тоҷикистон курсии худро дар ихтиёри Сироҷиддин Муҳридин гузошт ва пас аз он мақоми давлатӣ нагирифта буд.

Аммо ӯ баъди рафтан аз мақоми вазири корҳои хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуда, пайваста аксҳои зиёдеро аз ҷараёни сафарҳо ба хориҷ ва гаштугузор дар боғу гулгаштҳоро нашр мекард.

Ҳамроҳхон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013 вазири умури хориҷии Тоҷикистон буд.

Бино ба фармонҳои дигари президент, Зубайд Зубайдзода - сафири Тоҷикистон дар Кувайт ҳамзамон намояндаи расмии Душанбе дар Ироқ ва Баҳодур Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамзамон сафири кишвар Шоҳигарии Баҳрайн таъийн карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG