Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои дуздии ноқилҳои "Тоҷиктелеком" баъди 4 моҳ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як нафарро бо иттиҳоми дуздии даҳҳо метр аз ноқилҳои гаронбаҳои ширкати “Тоҷиктелеком” дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи вазорат, боздошт баъди он сурат гирифт, ки намояндагони ширкат ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб бо аризаи шикоятӣ муроҷиат карда ва гуфтаанд, ки чаҳор моҳ пеш дар моҳи майи имсол шахси номаълум 70-метр ноқил бо арзиши 13 ҳазору 816-сомониро дуздида, ғайб задааст.

Ба гуфтаи вазорат, як сокини 27-солаи шаҳр ба дуздӣ муттаҳам мешавад ва ноқилҳоро аз хонаи ӯ пайдо ва усодира кардаанд. Маълум нест, чаро мақомоти “Тоҷиктелеком” баъди таъхири чаҳормоҳа ба мақомоти интизомӣ дар бораи дуздӣ хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG