Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 17-уми октябр бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳур ва Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия сарнавишти номаълуми хабарнигори арабро, ки дар Истанбул нопадид шуд, баррасӣ кардааст.
Ҷамол Хошуқҷӣ, аз мунтақидони раҳбарони Арабистони Саудӣ, рӯзи 2-уми октябр ба консулгарии ватанаш дар Истанбул ворид шуд ва мақомоти Туркия мегӯянд, ки мумкин аст, ӯро кушта бошанд. Мулоқоти 40-дақиқаии Майк Помпео бо раҳбарони баланпдояи Туркия дар фурудгоҳи Анкара сурат гирифтааст.
Ҷузъиёти мулоқотро нагуфтанд.
Вазири умури хориҷии Амрико қабл аз ин дидор дар Арабистони Саудӣ буд ва рӯзи 16-уми октябр дар бораи мулоқоташ бо раҳбарони Саудӣ гуфт: “Ман чанд мулоқот доштам, аз ҷумла бо Шоҳ Салмон, шоҳзода Муҳаммад Салмон ва вазири корҳои хориҷӣ мулоқоти муфассал доштам. Дар ҳамаи онҳо таъкид кардам, ки тафтиши комили нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ муҳим аст.”
Бино ба гузоришҳо, мақомоти Туркия савтҳои садоиро доранд, ки собит мекунад, хабарнигорро дар дохили консулгарӣ куштаанд.