Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Ислом Каримов дар маркази Маскав қомат афрохт


Шаби 14 ба 15-уми октябр дар маркази шаҳри Маскав ҳайкали президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов қомат афрохт. Дар ин бора Андрей Морев, раиси Шӯрои вакилони ҳавзаи Якиманкаи Маскав хабар дод.

Ӯ дар Фейсбук навишт, ки насби ҳайкал шабона "таҳти муҳофизати ду автобус ва ду мошини пулис" пинҳон аз чашми сокинон сурат гирифт.

"Ҳайкал шабона, бо тарс насб шуд. Агар аз чизе наметарсиданд, пас, ҳайкалро рӯзона насб мекарданд", - навишт Морев. Раиси Шӯрои вакилони ҳавзаи Якиманка талош дошт, аз гузоштани ҳайкали Ислом Каримов пешгирӣ кунад.

Моҳи январи имсол вакилони ҳавзаи Якиманкаи шаҳри Маскав зидди гузоштани ҳайкали Ислом Каримов садо баланд карданд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 1-уми ноябри соли 2016 дар бораи насби ҳайкали Каримов қарор содир карда буд. Дар қарор гуфта мешуд, ки ҳайкали Каримов то 31-уми декабри соли 2019 бояд дар ноҳияи Якиманкаи Маскав гузошта шавад.

Ислом Каримов аз соли 1989 то лаҳзаи маргаш дар 2-юми сентябри соли 2016 Узбекистонро роҳбарӣ кард. Вай дар 78-солагӣ вафот кард.

XS
SM
MD
LG